Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНТАКСИС

СИНТАКСИС

СИНТАКСИС (юнонӣ syntaxis— сохт, тартиб), наҳв, як боби грамматикаро гӯянд, ки таркиби ҷумла ва хусусиятҳои умумии онро меомӯзад. Дар Синтаксис система ва тарзҳои мухталифи ифодаи фикр омӯхта мешавад. Хелҳои асосии ҷумла ва ибора аз рӯи сохт системаи синтаксисии забонанд. Тартиби калимаҳо дар ибора ва ҷумла, инчунин маъно, вазифа ва муносибати онҳо ба тарзҳои ифодаи фикр медароянд. Ибора ва ҷумла воҳидҳои нисбатан мустақили Синтакнис мебошанд. Онҳо маъно ва структураи махсус доранд. Ибора ва ҷумла бо шаклу маънои грамматикӣ ва вазифаҳои синтаксисии худ аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ибора монанди калима хусусияти номинативӣ дорад ва мафҳуми томро ифода мекунад, аммо ҷиҳати маъноии ҷумла дар муносибати сараъзоҳои он зоҳир мегардад. Ҷумла бо муносибати предикативӣ ва вазифаи коммуникативии худ аз ибора фарқ мекунад. Синтаксис пеш аз ҳама, нутқи алоқамандро меомӯзад. Ҷумла воҳиди асосии он аст. Сохти дохилӣ ва хусусиятҳои умумии ҷумла мавзӯи асосии   синтаксис мебошанд. Ба сохти ҷумла тарзи ба ҳам омадани аъзоҳо ва интонатсияи навъҳои гуногуни ҷумла, тартиби калима, тарзҳои асосии алоқаи синтаксисии калимаҳо медароянд. Дар Синтаксис байни калима ва ҷумлаҳо ду навъ алоқаи грамматикӣ дида мешавад: алоқаи пайваст ва алоқаи тобеъ. Алоқаи пайваст одатан бо пайвандакҳои пайвасткунандаи паиҳам, хилофӣ ҷудоӣ ва интонатсия ифода меёбад. Дар алоқаи тобеъ воситаҳои синтаксисии зерин калима ва ҷумлаҳоро ба ҳамдигар тобеъ мекунанд: бандаки изофӣ, пешоянду пасояндҳо, бандакҳои феълӣ ва хабарӣ, тартиби калима ва ҷумлаҳо, пайвандакҳои тобеъкунанда дар байни ҷумлаҳо. Ба ин муносибат таълимот дар бораи аъзоҳои ҷумла ва хелҳои ҷумлаҳои мураккаб низ ба Синтаксис дохил мешавад. Дар забоншиносии ҳозира Синтаксис фактҳои забонро дар равияи нав, аз рӯи воситаҳои лексикӣ ва грамматикӣ, инчунин муносибатҳои онҳо меомӯзад. Ҳоло масъалаи маънои лексикии конетруксияҳои синтаксисӣ ва синонимикаи синтаксисӣ ҳарҷониба омӯхта мешавад ва диққати синтакмисшиносон бештар ба муносибатҳои парадигматикӣ равона аст.

  Адабиëт: Грамматикаи забони тоҷикӣ. Синтаксис, Душанбе, 1962.

                                                                                                   Д. Тоҷиев.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …