Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СВАЗИЛЕНД

СВАЗИЛЕНД

  СВАЗИЛЕНД (Swazilend). Шоҳии Свазиленд, давлатест дар ҷануби Африка. Ба Иттиҳоди Британия дохил аст. Масоҳаташ, 17,4 ҳазор км2. Аҳолиаш 650 ҳазор нафар (1984), асосан свазиҳо. 40%-и аҳолӣ ба динҳои анъанавии маҳаллӣ ва боқимонда ба дини масеҳия эътиқод доранд. Пойтахт шаҳри Мбабане. Сардори давлат —шоҳ. Релеф аз пуштакӯҳи Велд, ки ба Ғарб ва Шарқ зина-зина паст мешавад, иборат аст. Иқлимаш субтропикӣ ва тропикии хушк. Асосан растаниҳои саваннагӣ мерӯянд. Дар охирҳои соли 1830 иттиҳоди калони қабилаҳои свани ба вуҷуд омад. Солҳои 1903—1968 Свазиленд протекторати Британияи Кабир буд. Аз соли 1968 давлати мустақил. Свазиленд мамлакати аграрист. Замини ҳосилхез (кишти найшакар, растаниҳои ситрусӣ) дар ихтиёри муҳоҷирони европоист. Машғулияти асосии аҳолии таҳҷоӣ чорводррӣ (гов, бузу гӯсфандпарварӣ) ва деҳқонист (ғаллакорӣ). Аз сарватҳои зеризаминӣ асбест, маъдани оҳан ва ангиштсанг истихроҷ мекунанд. Чӯббурӣ ривоҷ ёфтааст. Корхонаҳои чӯбкорӣ на хӯрокбаорӣ дорад. Тӯли роҳи оҳан—318 киллометр, роҳҳои автомобилгард — 2620 киллометр. Ба хориҷа аобест, маъдани оҳан, қанду шакар мебарорад. Шарикони асосии тиҷоратиаш: Республикаи Африкаи Ҷанубӣ , Британияи Кабир, Япония, Воҳиди пул — лилангели.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …