Маълумоти охирин
Главная / Илм / СУСПЕНЗИЯҲО

СУСПЕНЗИЯҲО

СУСПЕНЗИЯҲО (аз лотинӣsuspensio — овезон кардан, овехтаи), зарраҳои муаллақ. Системаҳои дисперсиеанд, ки дар онҳо фазаи дисперсиашон дар ҳолати сахт, муҳити дисперсиашон моеъ аст. Суспензияҳо ба системаҳои диспарсии заррачаҳояшон калон-калон (андозаашон 10-4 см ва аз он ҳам зиёд) мансуб аст. Суспензияҳои бебунён ноустувор буда, заррачаҳояшон аз таъсири қувваи вазнинӣ таҳшон мешаванд. Суспензияҳое, ки дарраҷаҳояшон суст таҳшон мешаванд, баъзан овезаҳо меноманд. Суспензияҳоро бо роҳи ба ҳам омехтани хокаҳои хушк ва моеъ, дар натиҷаи коагулясия калон кардани андозаи заррачаҳои коллоидӣ ва диаоперсиронии ҷисмҳои сахт дар муҳити моеъ ҳосил мекунанд. Дар табиат Суспензияҳо ҳангоми хок ва заминро шустани об, аз ғубори атмооферӣ ифлос шудани оби кӯлҳо ва ғайра ҳосил мешавад. Суспензияҳоро дар техлологияи бинокорӣ, истеҳсоли маснуоти сафолӣ, хишт, бетон, пластмасса, локу ранг, коғаз ва ғайра истифода мебаранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …