СУРУРӢ Муслиҳуддин ибни Мустафо ибни Шаъбон (соли таваллуд номаълум — вафот 1562, Истанбул), шоир ва донишманди турк. Пас аз хатми таҳсили расмӣ муовини қозӣ, мударрис, маъмури тарбият ваомӯзгор буд. Адабиёти форс-тоҷикро дар Туркия тарғиб мекард. Ба забони форсӣ шеър ва асарҳои тадқиқӣ менавишт. Таълифоти муҳимтарини Сурурӣ: «Баҳр-ул-маориф» дар арӯз ва қофия, шарҳи «Маснавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ, «Бӯстон»-и «Саъдӣ, «Рисолаи муаммо»-и Ҷомӣ, «Рисолаи муаммо»-и Мирҳусайни Муаммоӣ ба забони форсӣ, «Гулистон»-и Саъдӣ, «Шабистони хаёл»-и Фаттоҳии Нишопурӣ ва ғайра ба арабӣ. «Захират-ул-мулук»-и Алии Ҳамадонӣ, «Рисолаи чӯби чинй»-и Алоуддини Нуруллоҳ (рисолаи тиббӣ),«Аҷоиб-ул-махлуқот»-и Қазвинироӣмухтасаран ба забони туркӣ тарҷума кардааст.
Tags Шахсони машҳур шоир
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …