СУРНАЙ (аз арабӣ, — ҷашни шоди ва най), сози мусиқии нафасист. Дар байни халқҳои тоҷик, ӯзбек, турк, сокинони Кавказ, Эрон ва ғайра паҳн шудааст. Ба най шабоҳат дошта, сараш васеи махрутӣ, қисми поёнаш нисбатан борик. Дарозиаш 45—55 см. Аз чӯби чормағзё зардолу сохта мешавад. Рӯяш 7 сӯрох ва зераш як сӯрохи овозбарор дорад, ки онро бо ангушт мепушонанд. Нӯги борикаш дорои сарпӯшест,ки ба он найчаи филизӣ ва забонаки тунуки қамишӣпайваст буда, барои навохтан хизмат мекунад. Диапазони Сурнай аз «ре»-и октаваи якум то «си»-и октави дуюм ва аз он ҳам бештар аст. Овозаш пурқувват ва ҷарангдор. Сурнай дар тамошоҳои анъанавии тоҷикӣ (дорбозӣ, лӯхтакбозӣ ва ғайра) ва маросимҳои халқӣ бо ҳамовозии карнай, нақора ё доира ансамбли хосро ташкил медиҳад, ҳамчун сози якканавозӣ низ машҳур аст. Алалхусус роҳҳои навозиши Сурнай дар ҳавои мақоми «Наво» хеле маъмул буда, асосан дар тӯйҳои арӯсӣ иҷро мешаванд. Аксар усулҳои навозиши Сурнай ба ҳавои рақс низ мувофиқанд. Силсилаи «Шодиёна», «Муноҷоти сурнай», «Рақси калон» ва ғайра аз ҷумлаи онҳост, Сурнай ҳоло дар ансамбл ва оркестри асбобҳои халқӣ кор фармуда мешавад.
Tags асбоби мусиқӣ Мусиқӣ
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …