Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СУРИНАМ

СУРИНАМ

СУРИНАМ (surinam), Республикаи Суринам, давлатест дар шимолу шарқи Америкаи Ҷануби. Масоҳаташ 163 ҳазор км2. Аҳолиаш 393 ҳазор нафар. (1983); асосан ҳиндуҳо ва креолҳо. Забони расмӣ — голландӣ. Динашон ҳиндуия, масеҳия, ислом. Пойтахт ва бандари асосиаш Парамарибо. Сардори дасвлат — президент. Органи олии қонунбарор — Маҷлиси қонунбарор (Штатҳо). Қисми зиёди мамлакат дар шимолу шарқи паҳнкӯҳи Гвиана (баландиаш то1280 м) ҷойгир шудааст, ноҳияҳои шимолаш пастӣ. Иқлим субэкваторист. Ҳарорати миёнаи моҳона 26—28°С, боришоти солона 2300—3000 мм. Тақрибан 90% ҳудудашро бешаҳои ҳамешасабз фаро гирифтаанд. Дар қадим аҳолии Суринам ҳиндуҳои америкоӣ буд. Аз асри 17 мустамликаи Нидерланд (Гвианаи Нидерланд). Соли 1954 соҳибмухтор ва аз соли 1975 давлати мустақил шуд. Бо СССР алоқаи дипломатӣ (аз 1975) дорад. Асоси иқтисодиёташ истихроҷи боксит (328,3 ҳазор т, 1982) аст, ки он дар ихтиёри ширкатҳои Нидерланд ва Штатҳои Муттаҳидаи Америка мебошад. Корхонаҳои истихроҷи тилло, истеҳсоли гилзамин (1055 ҳазор тон, 1982), алюминий вакоркарди маҳсулоти хоҷагии қишлоқ низ мавҷуданд. Асосан шолӣ, найшакар, растаниҳои цитрусӣ, банан мекоранд. Як қисми аҳолӣ бо дарахтбурию чӯбкорӣ ва шикори креветка (харчанги баҳрӣ) машғул аст. Тӯли роҳҳои автомобилгард—2,5 ҳазор км1984). Ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва мамлакатҳои аъзои «Бозори умумӣ» боксит, гилзамин, алюминий мебарорад. Воҳиди пул — гулдени суринамӣ.

suriname

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …