Маълумоти охирин

СУЛУК

СУЛУК (арабӣ           ҷамъи—роҳрав, марди роҳ, сафаркунанда), дар тасаввуф, зинаҳои сайри рӯҳии сӯфиёнро гӯянд, ки барои бо роҳи кашфу шуҳуд ба ҳақиқат ва маърифати ирфонӣ расидан тай мекунанд. Сайру Сулук аз ҷумлаи одобу русуми тасаввуф буда, дар он солик пас аз таййи рукни аввали он — шариат, ба зинаи дуюм — тариқат роҳ меёбад. Дар ин марҳила соллик барои такмилу таҷдиди худ бо саъю муҷоҳида силсилаи зинаҳаи меъроҷии равонгаро, ки иборат аз мақомот ва ҳол (аҳвол) аст, тай мекунад ва ба ғояти камолоти худ — ҳақиқат мерасад. Баъд ӯ ба маърифати ирфонӣ мепардозад ва тавассути мушоҳида ба дараҷаи ҳулул мерасад, ки он охирин зинаи маърифати тасаввуф — фано ва бақо ба шумор меравад.

Бино ба ақидаи муҳаққиқони тасаввуф солик зимни тайи зинаҳои мухталифи сайру Сулук дараҷаҳои мухталифро низ аз сар мегузаронад. Дараҷаи аввали онро муридӣ номидаанд, ки дар он сӯфӣ равиш ва муршиди худро интихоб менамояд. Баъд ба дараҷаи соликӣ мерасад, ки дар он сӯфӣ ба тасфияи қалбва камолоти ботинӣ мепардозад. Дараҷаи сеюмро маҷзуб меноманд, ки дар он сӯфӣ камоли рағбати худро барои расидан ба ҳақиқат мепайвандад ва ниҳоят, ба дараҷаи чаҳорум — мутадаррик мерасад, ки нуқтаи интиҳоии сайру Сулук ба шумор меравад.

Ҷараёнҳои гуногуни тасаввуф зинаҳои саиру Сулукро ба таври гуногун таъбиру таъвил намудаанд. Аксари онҳо роҳи такомули сӯфиро аз шариат, тариқат, ҳақиқат ва маърифат иборат медонанд. Зинаҳои мазкур ниҳоди ирфонӣ дошта, моҳияти илмӣ надоранд.

М. Ҳазратқулов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …