Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНОВА Тоҷӣ

СУЛТОНОВА Тоҷӣ

СУЛТОНОВА Тоҷӣ (таваллуд 20. 1918, Хуҷанд), актрисаи советии тоҷик. Артисти Халқии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон. (1943). Солҳои 1929—33 дарОмӯзишгоҳи фабрикию заводии назди Комбинати абрешими Хуҷанд таҳсил намуда, баробари он ҳамчун пиллакаш кор кардааст ва дар маҳфили ҳаваскорони санъати назди комбинат иштирок намудааст. Соли 1934 ба Театри драмаи мусиқии ба номи А. С. Пушкини Ленинобод даъват шуд. Аз ҳамон вақт сар карда, то ба нафақа баромадан (1976) дар театри мазкӯр кор мекард, Султонова образҳои барҷастаю фаромӯшнашавандаи зиёдеро аз осори драматургияи классикии рус, советӣ, советии тоҷик ва хориҷӣ офаридааст. Ролҳои намоёнаш Екатерина («Раъду барқ»-и Л. Н. Островский), Ширин («Фарҳод ва Ширин»-и К. Яшин), Лайлӣ («Лайлӣ ва Маҷнун» и Ш. Хуршед), Гулнара («Гулсара»-и К. Яшин ва М. Муҳаммадов), Маҳинбону («Қиссаи ишқ»-и Н. Ҳикмат) ва ғайра. Ҳамчун раққоса ва сароянда низ шӯҳрат дошт. Бо ордени «Нишони Фаҳрӣ», медалҳова Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст. Ҳ. Аскар.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …