Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНОВ Раҳматбой

СУЛТОНОВ Раҳматбой

СУЛТОНОВ Раҳматбой (1892, деҳаи Ёваи ҳозира раёни Хуҷанд—7. 8. 1979, деҳаи Ғозиёни раёни Хуҷанди вилояти Ленинобод), пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сосиалистӣ (1948). Солҳои 1931—37 колхозчӣ, 1937—46 сардори звено, 1946—70 сардори бригадаи пахтакорӣ, 1970—75 колхозчии колхози ба номи Сталин (ҳозира колхози ба номи Фрунзе)-и раёни Хуҷанд. Бригадаи Султонов солҳои 1947— 48 ҳосили фаровони пахта рӯёнидааст. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …