Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАБРЕЗӢ

СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАБРЕЗӢ

СУЛТОНМУҲАММАДИ ТАБРЕЗӢ (1470, Табрез — 1555, ҳамон ҷо), мусаввир ва минётурнигори форс-тоҷик. Яке аз намояндагони намоёни Мактаби минётури Табрез. Аз ҷумлаи шогирдони Оқо Мирали Наққош. Дар Китобхонаи Табрез ба ороиш, мунаввирӣ ва китобат машғул буд. Ба девони Ҳофиз_ (1535, 1517—40), «Хамса»-и Низомӣ (1539—43) минётурҳо офаридааст. Инчунин тахмин мекунанд, ки ӯ «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (1537), ва девони Навоиро (1527) бо минётурҳо оро додааст. СултонмуҳаммадиТабрезӣ инчунин як силсила минётурпортретҳо офарида, болои қолин эскизи манзараҳои шикорро кашидааст. Дар заргарӣ ва чинисозӣ низ моҳир будааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …