Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ

СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ

СУЛТОНМУҲАММАДИ АЙШӢ (соли таваллуд ва вафот номаълум), ҳофиз, машшоқ, мусиқишинос ва оҳангсози форс-тоҷик (асри 15). Дар Ҳирот ба дунё омадааст. Султонмуҳаммади Айшӣ барои амӯзиши таркиботи илмию амалии мусиқӣ ба Усто Шодӣ, Ҳофизи Басир шогирд истода, дар саройядагию навозандагй маҳорати баланд пайдо кард. Вай махсусан дар сурудани таранаҳои ишқӣ шӯҳрат дошт. У муаллифи чандин асари мусиқӣ буда, «Савти Айшӣ», «Таронаи ушшоқ», «Пешрави Айшӣ», «Нақши Сабо» ва ғайра аз таснифоти машҳури ӯ мебошанд. Султонмуҳаммади Айшӣ бо тахаллуси Айшӣ шеър ва ғазалҳои шӯрантез навишта, ба онҳо оҳанг бастааст. Султонмуҳаммади Айшӣ дар Ҳирот аз олам гузаштааст.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …