Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ

СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ

СУЛТОНАЛИИ ҚОИНӢ    (соли таваллуд намаълум — вафот 1508), хаттоти форс-тоҷик. Шогирди Азҳари Табрезӣ. Аввал дар Табрез зиста, вазифаи котибии дарбори Султон Яъқуби Оққуюнлуро ба ӯҳда дошт. Пас аз марги Яъқуб хизмати дарбори Рустами Оққуюнлуро адо кардааст. Аз Табрез муддате ба Ҳиҷоз меравад ва аз он ҷо ба Ҳирот сафар карда, ба дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро роҳ меёбад ва баъзе аз китобати худро «Султони» имзо мекунад. Султоналии Қоинӣ бештар осори Абдурраҳмони Ҷомиро китобат мекард. Дар навиштани хати настаълиқ, насх ва риқоъ моҳир буд. Ин анвои хатро ба услуби Азҳари Табрезӣ менавишт. Султоналии Қоинӣ шеър низ мегуфт, намунаҳои ашъораш бо хати худи ӯ боқӣ мондаанд. И. Калонов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …