Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / Сулолаи ШАЙБОНИЁН

Сулолаи ШАЙБОНИЁН

shayboniyon

ШАЙБОНИЁН сулолаест дар Мовароуннаҳр ва Хуросон, ки с-ҳои 1500—99 ҳукмронӣ карда, давлати Шайбониёиро ташкил намудааст. Шайбониён аз авлоди Шайбон (Шибон, Шайбак — набераи Чингизхон, бародари Ботухон) буданд. Ба Шайбониён дар Осиёи Миёна Муҳаммад Шайбонихон (1451—1510) асос гузоштааст. Намояндагони сулолаи Шайбониён: Шайбонихон (ҳукмр. 1500—10), Кучкунчихон (1510—30), Абусаид (1530— 33), Убайдуллохон (1533—39), Абдуллоҳхони 1 (1539—40), Абдулазизхон (1540—49), Абдуллатифхон (1549 —52), Наврӯзаҳмадхон .(1552—56), Пирмуҳаммадхони I (1556—61), Искандархон (1561—83), Абдуллоҳхони II (1583—98), Абдулмӯъмин (1598), Пирмуҳаммадхони II (1599).

Ад.: Ғафуров Б. Ғ., Тоҷикон. Охири асри миёна ва давраи нав, 2. Д„ 1985.

И. Қосимов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …