Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СУЛАЙМОН ЛОИҚ Ғуломмуҷаддид

СУЛАЙМОН ЛОИҚ Ғуломмуҷаддид

СУЛАЙМОН ЛОИҚ Ғуломмуҷаддид (таваллуд 1931, Катавоз, вилояти Ғазнии Афғонистон), шоир ва ходими ҷамъиятии афғон. Дар мадраса таҳсил кард. Соли 1959 факултети адабиётро хатм намуд. Муҳаррири газетаи «Парчам» (1967—70). Пас аз Инқилоби Савр вазири радио ва телевизион буд. Муддате зиндонӣ шуд. Ҳоло вазифаи президенти Академияи улуми Афғонистон ва вазири ақвом ва қабоилро дар ӯҳда дорад. Номзад ба аъзоии Бюрои сиёсии Комитети Марказии Партияи демократии халқи Афғонистон аст.

Сулаймон Лоиқ аз рӯзҳои аввали ба арсаи адабиёт қадам монданаш чун шоири ҷӯянда ва навпардоз эътироф гашт. Шеърҳои бо тарзу услуби нав навиштааш дар маҷмуаи «Шеъри нав» (1962) дарҷ шудаанд. Шоири пуштузабон буда, ба дарӣ низ ашъори фаравон дорад. Китобҳои ашъораш ба забони пушту бо номи «Чунға» («Кӯҳи чашмаҳо», 1962), «Гижда» («Хаймаи сиёҳи кӯчиён», 1976), «Ёдуна ав дармандува» («Ёдҳо ва хирманҳо». 1978), «Замона ав афсона» ва ба забони дарӣ таҳти унвони «Бодбон» (1981) ба табърасидааст. Дар ашъораш рӯҳи шикастнопазири халқ, муборизаи ҷавонони ватанпараст, умеду орзуи мардуми азияткашидаро ифода мекунад. Дар шеърҳаи зиндагии худ — «Охирин ҳарфи асир», «Бар мо гувоҳ бош», «Ба зебои гумном», «Ба ёди шабрафтагон» ва ғайра ранҷу озорҳо ва инчунин ифтихоротеро, ки аз озодӣ ва идомаи устувори Инқилоби Савр дорад, сабт намудааст. Ишқу муҳаббат, озодии занон низ аз мавзӯъҳои асосии ашъори шоир мебошанд.

Тамоми ашърри Сулаймон Лоиқ аз эҳтироми гарм ва эътиқоди қавӣ ба Мамлакати Советӣ саршор аст. ДустииСССР ва Ресспубликаи Демократии Афғонистонро аз беҳтарин дарёфтҳои имруз медонад:

Дар Омуи фасонасаро мо ду соҳилем,

Ӯ шаҳрати ҳаёти ду халқ асту модилем!

Сулаймон Лоиқ ба адабиёти рус ва сооветӣ таваҷҷӯҳ дорад. Шеърҳои А. С. Пушкин, М. Ю. Лермонтов ва «Таронаи лочин»-и А. М. Горкийро тарҷума кардааст. Намунаҳои ашъори ӯ дар маҷмуаҳои «Баҳори Кобул» (Душанбе, «Ирфон», 1977) ва журнали «Садои Шарқ» чоп шудаанд.

Осор: Диёри мардхез, Душанбе, 1981.

Лоиқ Шералӣ.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …