Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СУЭЦ

Шаҳри СУЭЦ

СУЭЦ, шаҳрест дар шимолу шарқи Миср, маркази маъмурии музофоти Суэц, аҳолиаш 194 ҳазор нафар (1976). Бандар дар соҳили Канали Суэц, дар вурудгоҳи баҳри Сурх. Корхонаҳои саноати истеҳсоли маҳсулоти нефт, химияи нефт ва саноати хӯрокворӣ дорад. Суэц аз қадим чун маркази савдо маълум буда, махсусан баъди кушода шудани Канали Суэц (1869) рӯ ба тараққӣ ниҳод. Ҳангоми ҳуҷуми Исроил (1967) ва амалиёти ҳарбӣ дар Шарқи Наздик (октябри 1973) шаҳр зарари калон дид.

suec

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …