Маълумоти охирин

СУД

СУД, органи махсуси давлатист барои ҳимоя намудани манфиати синфҳои ҳукмрон (дар замонии сосиализм — манфиати тамоми халқ). Эҳтиёҷ ба Суд, органҳои идора ва маҷбуркунӣ, алалхусус барои дар асорат нигоҳ доштани оммаи мазлум дар давраи ба синфҳои антагонистӣ тақсим шудани ҷамъият ба вуҷуд омадааст.

sud

Системаи судии Россияи подшоҳи асосан он аломатҳоеро дошт, ки ислоҳоти судии соли 1864 муайян карда буд. Баъди ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр типи сифатан нави Суд, яъне Судҳои ҳақиқатан корпарию деҳқонӣ ташкил шуданд. 22 ноябри 1917 дар маҷлиси СКХ РСФСР Декрет дар бораи суд қабул шуд, ки он асоси ташкили системаи судии республикаҳои советӣ (Украина, Белоруссия ва кишвари Туркистон) буд. Дар рафти тараққиёти ҷамъияти советӣ систамаи судӣ тағйир ва инкишоф ёфта, як қатор актҳои нормативии гуногун қабул шуданд.

Дар замони ҳозира системаи судии советӣ мувофиқи Асосҳои қонунгузории СССР ва республикаҳои иттифоқӣ «Дар бораи сожти судӣ дар СССР (1980), Қонун «Дар бараи Суди Олии СССР» (30 ноябри 1979) ва Қонунҳои республикаҳои иттифоқӣ дар бораи сохти судӣ» (Қонун «Дар бораи сохти судии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон» (1981) ба роҳ монда шудааст.

Системаи судӣ маҷмӯи муайяни органҳои судии давлатӣ буда, ба принсипҳои ягонаи ташкил ва фаъолият, ягонагии мақсаду вазифаҳо ва ваколати ҳар звенои он асос меёбад.

Мувофиқи Конституциян СССР (моддаи 151) ва Асосҳои қонунгузорӣ оид ба сохти судӣ (,моддаи 1) ба системаи судӣ инҳо дохиланд: Суди Олии СССР, республикаҳои иттифоқӣ ва автономӣ, судҳои кишварӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, округҳои автономӣ ва вилоятҳои автономӣ, судҳои халқии районӣ (шаҳрӣ), инчунин трибуналҳои ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи СССР.

Дар СССР Судҳо ба ду гурӯҳ ҷудо метавашанд: 1) судҳои СССР (ҳамаи судҳои дорои аҳамияти иттифоқӣ), ки ба онҳо Суди Олии СССР ва трибунаҳои ҳарбӣ дохил мешаванд. Ҳукм ва ҳалномаи ин судҳо аз номи Иттифоқи Республикаҳои советии Сосиалистӣ бароварда шуда, дар тамомии терреторияи СССР амал мекунанд: 2) судҳои республикаҳои иттифоқӣ, ки ба онҳо ҳамаи Судҳои боқимонда дохил мешаванд. Ҳукм ва ҳалномаи ин судҳо аз номи республикаи иттифоқӣ бароварда шуда, дар ҳудуди ҳамин республика амал мекунанд. Дар Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон системаи судӣ аз се зина, яъне Суди Олии республика, судҳои вилоятӣ ва вилояти автономӣ, судҳои халқӣ районӣ (шаҳрӣ) иборат аст. Суди шаҳрии Душанбе мувофиқи ваколаташ ба судҳои вилоятӣ баробар мебошад.

Интихобӣ будани Судҳо яке аз кафолатҳои ба амал баровардани адолати судист. Аммо тарзи ташкили органҳои гуногуии судӣ вобаста ба мавқеашон дар системаи судӣ фарқ мекунанд.

Судҳои халқии районӣ (шаҳрӣ)-ро бевосита аҳолии район (шаҳр) бо роҳи интихоботи умумӣ, баробар ва овоздаҳии пинҳонӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Машваратчиёни халқӣ ба муҳлати дуюним сол дар коллективҳои меҳнатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва корхонаҳо бо роҳи овоздиҳии ошкоро интихоб мешаванд. Судҳои вилоятӣ, вилояти автономӣ ва Суди Олии реснубликаи иттифоқӣ ва Суди Олии СССР-ро Советҳои депутатҳои халқии вилоятӣ, вилояти автономӣ, Совети Олии республикаҳои иттшфоқӣ ва Совети Олии СССР дар сессияи 1-уми даъвати навбатӣ ба мӯҳлати панҷ сол дар ҳайати раис, ҷонишинҳо, аъзоёни суд ва машваратчиёни халқӣ интихоб мекунанд.

Трибуналҳои ҳарбиро Президиуми Совети Олии СССР дар ҳайати раис, ҷонишинҳо ва аъзоёни трибунали ҳарбӣ ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мекунад. Машваратчиёни халқии трибуналҳои ҳарбӣ бо роҳи интихоботи ашкоро дар маҷлисҳои умумии хизматчиёни ҳарбии қисмҳои ҳарбӣ ба муддати ду сол интихоб мешананд. Ҳамаи Судҳо суди инстансияи якум шуда метавонанд. Ғайр аз Судҳои халқии районӣ (шаҳрӣ) ва Суди Олии СССР ҳамаи дигар Судҳо ҳамчун Суди инстансияи кассасионӣ баромад карда метавонанд.

Ҳукмҳои аз рӯи кори ҷиноятӣ баровардашудаи баъди ҳафт рӯзи ба маҳкумшуда (агар касе аз иштирокчиёни мурофиаи судӣ ба тариқи кассасионӣ шикоят накунад) супурдани нусхаи ҳукм, ҳалномаҳои оид ба корҳои гражданӣ бошанд, баъди даҳ рӯзи эълон шуданашон (агар иштирокчиёни мурофиаи суди ба тариқи кассасионӣ шикюят накунанд) ба ҳукми қонун медароянд. Ҳукм ва ҳалнамаҳои Суд фақат баъди ба ҳукми қонун даромаданашон иҷро карда мешаванд. Ҳукм, ҳалнома, таъинот ва қарорҳои ба ҳукми қонун даромадаро ба тариқи назорат аз сари нав дида барамадан мумкин аст.

Суди инстансияи якум дар ҳайати судя, раиси суд ё ҷонишинони вай ва ду машваратчии халқӣ корҳоро бевосита дида мебарояд. Қонунгузории амалкунанда барои ба амал баровардани адолати судӣ шароитҳои махсус пешбинӣ кардааст. Адолати судӣ аз рӯи корҳои ҷиноятӣ мувофиқи кодекси ҷиноятӣ ба амал бароварда мешавад. Маҳкум кардани шахс барои кирдоре, ки дар кодекси ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст, ҳуқуқвайронкунӣ ва худсарӣ дониста шуда, ҷазои муайянкардаи Суд ҷиноят ҳисоб мешавад.

Адолати судӣ аз рӯи корҳои гражданӣ дар асоси кодекси гражданӣ ба амал бароварда мешавад. Ин кодекс муносибатҳои баҳсноки байни гражданҳо (шартномаи хариду фурӯш, шартномаи иҷора, баҳс дар бораи манзили истиқаматӣ ва ғайра)-ро танзим мекунад. Ҳангоми дида баромадани корҳои гражданӣ Суд вобаста ба характери баҳси пайдошуда, Кодекси қонунҳои оид ба меҳнат, Кодекс дар бораи оила ва никоҳ барин қонунҳоро татбиқ менамояд. Ягонагии тартиб ва шакли мурофиаи Судро аз рӯи корҳои ҷиноятӣ Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва аз рӯи корҳои гражданӣ Кодекси мурофиавии гражданӣ муқаррар мекунад. Шакли судӣ ягона тарзи расмии ба амал баровардани адолати судии социалистӣ мебошад. Шакли мурофиавии судӣ асоснок ва қонунӣ будани ҳукму ҳалномаи суд, қонунияти сосиалистӣ ва адолати ҳақиқии судиро таъмин Мекунад.

С. Болтуев

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …