Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Шаҳри СУКРЕ

Шаҳри СУКРЕ

sucre

СУКРЕ (Sukre), пойтахти расмии Боливия, маркази маъмурии департаменти Чукисака. Дар водии дарёи Пилкомайои нишебиҳои Кордилераи Марказӣ, дар баландии 2700 м воқеъ гардидааст. Аҳолиаш қариб 107 ҳазор нафар (1083). Стансияи роҳи оҳан узели роҳҳои автомогбилгард, Аэропорт дорад. Соҳаҳои муҳимми саноаташ коркарди нефт, семент, чӯбгарӣ, хӯрокворист,ТЭС дорад. Дар Сукре университет (аз 1924), мактаби олии педагогӣ, институт политехникӣ, институтҳои тадқиқоти илмӣ (онкологӣ, нағзакканӣ,. Институти тиббии«Сукре», Институти социологии Боливия), китобхонаи миллӣ ва музейҳои антропологию санъати нафиса ҳаст. Шаҳр соли 1538 бунёд ёфтааст; аввалҳо Ла-Плата, дертар Чукисака ном дошт. Аз соли 1825 пойтахти Боливия аст. Соли 1839 ба шаҳр номи қаҳрамони миллии Боливия А. X. Суқре дода шуд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …