Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СТАНСИЯИ БОТАНИКИИ КӮҲИИ ВАРЗОБ

СТАНСИЯИ БОТАНИКИИ КӮҲИИ ВАРЗОБ

СТАНСИЯИ БОТАНИКИИ КӮҲИИ ВАРЗОБ, муассисаи тадқиқоти илмиест, ки доир ба масъалаҳои дар хоҷагии халқ истифода бурдани захираи сарватҳои табиати кӯҳсори Тоҷикистон (махсусаи дарахту буттазор) тадқиқоти илмӣ мебарад. Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб дар базаи Академияи Фанҳои СССР соли 1934 таъсис ёфт. Аз соли 1951 тобеи Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб дар нишебии ҷануби қаторкӯҳи Ҳисор дар терреторияи Кондарай ҳавзаи дарёи Варзоб (30 км шимолтар аз шаҳри Душанбе) воқеъ гаштааст. Масоҳати умумии дара—1100 га. Ҳадди поёнии он 1150 м ва ҳадди болоиаш 2400 м аз сатҳи баҳр. Кормандоии Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб намуд ва географияи паҳншавии растаниҳо, биологияи дарахту буттазорро ҳаматарафа меомӯзанд. Соли 1953 дар нишебии шимоли қаторкӯҳи Туркистон (дар Шаҳристон) бо мақсади дарёфти усулҳои истифодаи самаралок ва барпо намудани арчазор ва соли 1955 дар қаторкӯҳи Ариқтоғ барои тадқиқи пистазор стационарҳо ташкил шуданд. Ходимони Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб нақшаи ба боғу токзор, бешазори зиддиэрозионӣ ва ғ. таодил додани терреторияи ҳавзаи дарёи Варзобро тартиб додаанд. Тадқиқоти ходимони Стансияи ботаникии кӯҳии Варзоб дар маҷмӯаю монографияҳои «Кондара» (Ленинград, 1951), «Флора ва набототи ҳавзаи дарёи Варзоб». (Ленинград, 1971) дарҷ шудаанд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …