Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СПАРТА Лакедемон

СПАРТА Лакедемон

СПАРТА (Sparte), Лакедемон (Lakedaimon), дар ибтидо шаҳр — давлат (полис)-и Юнони Қадим дар водии дарёи Зрот; асрҳои 6—1 то мелод давлат дар ҷануби Пелопоннес. Тақрибан асри 12 то мелодӣ ҳангоми тохтутози дорийҳо ба Пелопонпес хароб гардид. Асрҳои 10 —9 то мелод дар натиҷаи омехташавии ҷамоаҳои дорийҳо ва ахейҳо давлати нави Спарта ташкил ёфт. Спарта асрҳои 8— 6 то мелод вилоятҳои ҳамсоя — Мессения ва Кинурияро забт кард. Охнри асри 6 то мелод Спарта сардори Иттифоқи Пелопоннес шуд. Муборизаи байни Афина ва Спарта барои сарварӣ дар Юнон боиси ҷанги Пелопоннес (413—404 то мелод) гардид. Вале дахолати дағалонаи Спарта ба корҳои дохилии полисҳо, зӯран ҷорӣ кардани тартиботи олигархӣ, мусоҳилакори нисбат ба Эрон боиси норозигии умумии полисҳо ва сарзании ҷанги Коринф (395—387 то мелод) гардид. Спарта нуфузи Эронро бар шаҳрҳои Осиёи Хурд дар амал шинохт ва баъди сулҳи Анталкид мӯҳлати кӯтоҳ мавқеашро нигоҳ дошта тавонист. Минбаъд муборизаи сиёсӣ қувват гирифта, Спарта аз ҷиҳати ҳарбӣ суст шуд ва дучори мағлубият гардид. Дар натиҷа Иттифоқи Пелопоннес пароканда шуда, Мессения аз ихтиёри Спарта баромад. Спарта ба давлати дуюминдараҷа табдил ёфт. Дар давраи эллинизм (асрҳои 3—2 то мелод) муборизаи гражданинҳои камбағал барои замин авҷ гирифт. Спарта 207 то мелод ҳокимиятро дар Спарта мустабид Набис ба даст дароварда, бо мақсади барқарор намудани иқтидори ҳарбии Спарта чанд ислоҳот гузаронд: як қисми мулки заминдорони калонро мусодира карда, ба спартогиҳои камзамин дод ва бисёр илотҳоро ба ҳайати гражданинҳо дохил намуд, вале дар натиҷаи дахолати Иттифоқи Ахея ва Рим сохти олигархӣ дар Спарта барқарор карда шуд. Спарта 146 то мелод тамоми Юнон, аз ҷумла Спарта тобеи Рим шуд; соли 27 то мелод баъди ташкили музофоти Ахайя Спарта, ба ҳайати он дохил гардид.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …