Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОХТМОНИ ЗИЛЗИЛАБАРДОР

СОХТМОНИ ЗИЛЗИЛАБАРДОР

СОХТМОНИ ЗИЛЗИЛАБАРДОР, сохтмони зиддисейсмики, сохтани бино ва иншоотро зимни ба ҳисоб гирифтани таъсири имконпазири қувваҳои сеисмоӣ (инерционӣ) гӯянд; дар ноҳияҳои ба зилзила дучоргардида ва ё дар таҳдиди зилзилабуда ба амал бароварда мешавад. Талаботи иловагие, ки онҳоро объекти дар ноҳияи сейсмоӣ сохташаванда бояд қонеъ гардонад, ба интенсивияти зилзилаи имконпазири ҳамин вобаста буда, тавассути меъ- ёр ва қоидаҳои махсус мураттаб ме- шаванд. Интенсивияти зилзиларо (дар мамлакатҳои гуногун аз руи шкалаҳои гуногуни сейсмоӣ муайян мекунанд. Дар Иттифоқи Советӣ шкалаи дувоздаҳбалла (ГОСТ 6249— 52) қабул шудааст, ки мувофиқи он зилзилаи интенсивияташ беш аз 6 балл барои бино ва иншоот хатарнок ҳисоб меёбад. Дар ноҳияҳое, ки интеясивияти зилзилаи эҳтимолан аз 6 балл беш нест, барои таъмини зилзилабардории бино ва иншоот (ғайр аз иншооти махсус) чорабиниҳои иловагӣ лозим нест.

soxtmon1

Зилзиланокии ноҳияро аз рӯи харитаҳои ноҳиябандии зилзила муайян мекунанд. Дар ноҳияҳои зилзиланокиашон аз 9 балл зиёд сохтани бино ва иншооти инженерӣ тавсия карда намешавад. Бино бар он дар харитаҳои ноҳиябандии зилзилаи СССР минтақаҳое қайд гардиданд, ки дар онҳо ба амал омадани зилзилаҳои 6-, 7-, 8- ва 9-балла эҳтимол дорад. Барои аниқ кардани зилзиланокии майдони бинокорӣ дар ноҳияҳои маҳдуд микросоҳилбандии зилзила гузаронида мешавад.

Аз сабаби он ки дар мавзее зилзилаҳо дер-дер ба амал омаданашон мумкин ва мӯҳлати истифодаи бино ва иншоот маҳдуд аст, ҳангоми зилзила пурра бенуқсон мондани бино ва илшоотро талаб намудан аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мақсад салоҳ нест. Бинобар он дар меъёру қоидаҳои Сохтмони зилзилабардори СССР шикасту рехти қисмҳои алоҳидаи бино ва иншоот ба назар гирифта мешавад, ки он барои ҳаёти одамон ва таҷҳизоти қиматбаҳо хавфе надорад.

Дараҷаи таъсироти қувваҳои сейсмоӣ ба бино ва иншоот ба таркиби спектрии зилзила, шароитҳои инженерию геологии майдони сохтмон, инчунин ба хусусиятҳои конструктивии объект вобастагӣ дорад. Аз назари сейсмикӣ харсангзор ба зилзила бештар тоб меорад. Дар замини сусти нарм, ноҳияҳои хокрезазор, обҳои зеризаминидор ва дар мавзеъҳои кӯҳкоришуда сохтани бино ва иншоот номувофиқ аст, зеро барои бартараф намудани деформацияҳо чораҳои иловагӣ (масалан, аз ҷиҳати инженерӣ тайёр кардани асоси иншоот) заруранд.

Омилҳои зерин боиси зилзилабардории иншоот мегарданд: интихоби майдончаи бинокории аз ҷиҳати сейсмоӣ мусоид, коркарди схемаҳои конструктивию плании иншоот, истифодаи чораҳои махсуси конструктивӣ (масалан, таъсири қувваҳои сейсмоӣ ба иншоот боздоштани элементҳои иншоот аз вайроншавӣ), истифодаи маснуоти бинокории фавқулматин. Барои зиёд намудани зилзилабардории иншоот сифати корҳои соҳтмонӣ низ аҳамияти калон дорад.

Дар ноҳияҳои сейсмоӣ таъсири қувваҳои сейсмикиро ҳисоб намуда, схемаҳои конструктивӣ ва андозаҳои буриши конструктивии биноро муайян мекунанд. Аниқ муайян намудани иқтидор ва самти қувваҳои сейсмикӣ имконнопазир аст, зеро ҳангоми зилзила лағжидали асоси иншоот ба бисёр омилҳо вобаста мебошад. Ду усули тақрибии баҳо додани қувваҳои сейсмикӣ — статикӣ ва динамикӣ маъмуланд. Дар усули статикӣ иншоотро ҳамчун ҷисми мутлақ сахт муоина мекунанд, ки ҳамаи нуқтаҳояш якхела шитоб доранд ва ба шитоби асоси иншоот баробар мебошанд, қувваҳои сейсмикии ба иншоот таъсиркунанда бошад, ба ҳисоби зарби массаи иншоот ва шитоби асоси он баробар аст. Усули динамикӣ, ки аз он дар СССР, Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва дигар мамлакатҳо истифода мебаранд, сахтии ҳақиқии элементҳои иншоот ва конструкцняи васли онҳоро ба назар мегирад. Ҳисобу китоби тақрибии зилзилабардории иншоотро ба назар гирифта, ба меъёри ГОСТ як қатор талабот ва маҳдудиятҳои конструктивӣ дохил карда шудаанд (масалан, аз рӯи бар ва баландӣ маҳдуд кардави андозаи биноҳои хиштӣ, маҳдуд гардонидани буришҳои минималии унсурҳои бино, талабот оид ба истифодабарии арматура ва камарҳои оҳанубетонӣ). Барои биноҳои аз бетони яклухт сохташудае, ки дорои қафасаи пӯлодӣ ё худ оҳанубетонӣ меоошанд, ягон ҳад (масалан, ба баландии бино) гузошта намешавад. Меъёрҳои ГОСТ вобаста ба зилзиланокии майдончаи бинокорӣ ва таъиноти иншоот бузургиҳои таъсироти сейсмоӣ ва талаботи конструктивиро муқаррар менамоянд. Барои аксари иншоот зилзиланокии ҳисобукитобӣ ба зилзиланокии майдончаи бинокорӣ баробар аст, аммо барои иншооти аҳамияти махсусдошта он аз зилзиланокии майдончаи бинокорӣ дида як балл зиёдтар ва барои иншооте, ки вайрон шудани он ба ҳаёти одамон ва таҷҳизоти қиматбаҳо осеб намерасонад, як балл камтар муқаррар карда мешавад.

Адабиёт:          Современное состояние теории сейсмостойкости и сейсмостойкие сооружения, Москва, 1973.С. В. Кожаринов.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …