Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ МЕҲНАТ ВА МУДОФИА

ШӮРОИ МЕҲНАТ ВА МУДОФИА

Бинои Шӯрои меҳнат ва мудофиа
Бинои Шӯрои меҳнат ва мудофиа

СОВЕТИ МЕҲНАТ ВА МУДОФИА, органи ОКХ РСФСР, ки ба фаъолияти комиссариатҳои оид ба иқтисодиёт ва ҳамли идораҳои ба муҳофизати мамлакат дахлдор роҳбарӣ мекард. Апрели 1920 дар асоси Совети мудофиаи коргарон ва деҳқонон таъсис шуд. Мувофиқи Низомномаи қабулкардаи Сезди 8-уми Умумироссиягии Советҳо (1920) ба ҳуқуқҳои комиссияи СКХ молик буд. Маҷлисҳои машваратии иқтисодии вилоятӣ, губерниягй, уездӣ ва волостӣ органҳои Совет дар маҳалҳо буданд. Ба Совет раиси СКХ ва комиссарони халқӣ доир ба корҳои ҳарбӣ, роҳҳои нақлиёт, зироат, хӯрокворӣ, меҳнат, ранси ВСНХ, намояндаи ВССПС, роҳбари Управлеиияи Марказии Статистикӣ (бо овози машваратӣ) дохил мешуданд. Нахустин раиси С. В. И. Ленин буд. Феврали 1921 дар назди Совет Госплан ташкил шуд. Баробари ташкил ёфтани СКХ СССР (1923) Совети РСФСР барҳам хӯрда, Совети СССР ташкил карда шуд. Бо қарорн КИМ-и СССР аз 28 апрели 1937 барҳам дода шуд. Вазифаҳои он ба зиммаи Совети иқтисодӣ дар назди Совети Комиссарони Халқи СССР гузошта шуд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …