Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА МУАССИСАИ ИЛМӢ

ШӮРОИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА МУАССИСАИ ИЛМӢ

СОВЕТИ МАКТАБИ ОЛӢ ВА МУАССИСАИ  ИЛМӢ, совети илмӣ дар СССР, органи машваратӣ дар назди ректор (декан), дпректор, ки ҷиҳатҳои асосии корҳои тадқиқоти илмӣ, методӣ ва таълимию тарбиявиро мебинад ва мутобиқи ҳам мегардонад.

Совети мактаби олӣ (факултет) план ва программаҳои таълимӣ, корҳои тадқиқоти илмӣ ва таълиму тарбиявӣ, баланд бардоштани ихтисоси кормандон, таҳия ва нашри адабиёти таълимию методиро ба муҳокима мемонад, барои ишғоли вазифаҳои профессорону муаллимон конкурс мегузаронад, деканҳо, мудирони кафедраҳоро интихоб, муаллимон ва коркунони илмиро ба гирифтани унвони илмӣ пешниҳод менамояд ва ғайра. Дар муассисаҳои тадқиқоти илмӣ советҳои илмию техникӣ ташкил меёбанд, ки ба мисли совети мактабҳои олӣ (факултетҳо) кор мебаранд.

Совет оид ба додани дараҷаи илмӣ органи махсуси аттестатсионист, ки ҳуқуқ дорад диссертатсияҳоро барои ҳимоя қабул кувад. Совети махсус барои ҳимоя аз рӯи як ё гурӯҳи наздик (ва бештар аз се ихтисос) диссертатсияҳо қабул карда метавонад. Советҳои махсус оид ба ҳимояи диссертатсияҳои докторӣ дар назди муассисаҳои тадқиқоти илмӣ ва мактабҳоп олӣ мувофиқан ба соҳаи илм аа тарафи Президиуми Комиссияи аттестатсионии олӣ ташкил гардида, докторҳои илм аъзои он мешаванд (на камтар аз 5 кас оид ба ҳар ихтисос). Советҳои махсуси оид ба ҳимояи диссертатсияҳои номзадӣ дар ҳайати мактабҳои олӣ, муассисаҳои тадқиқоти илмӣ, иттиҳодияҳои илмию истеҳсолӣ, ки бо комёбиҳои илмии худ машҳуранд, аз тарафи Коллегияи Комиссияи аттестатсонии олӣ таъсис карда мешаванд (онд ба ҳар ихтисос на камтар аз 3 доктори илм ва 3 номзади илм, докторҳои илм бояд аз ними аъзои совет кам набошанд). Ҳайати шахсии советҳои махсуси оид ба ҳимояи диссертатсияҳо ва доданп дараҷаҳои илмӣ (аа 11 то 25 кас), номгӯи нхтисос ва мӯҳлати ваколати онҳо (аз 3 то 5 сол) аз тарафи Комиссияи аттестатсионии олии назди Совеи Вазирони СССР (ВАК СССР) бо дархости академияи фанҳо, вазоратҳо ва идораҳои дахлдори болоӣ тасдиқ карда мешаванд. Дар муассисаҳои тадқиқоти илмии АФ СССР советҳоро ВАК-и СССР ва Президиуми АФ СССР ташкил медиҳанд. Кори советҳо аз рӯи «Дастур оид ба тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва гирифтани унвони илмӣ» (соли 1975) ба тартиб дароварда мешавад. Дар як маҷлиси совет як кас диссертацияи докторӣ ё ду кас диссертацияи номзадӣ ҳимоя карда метавонад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …