СОВЕТ (собиқ райони Қизилмазор), райони маъмурии вилояти Кӯлоби РСС Тоҷикистон. Санаи ташкилаш —23 ноябри 1930. Масоҳаташ 1216,0 км 2. Аҳолиаш 34,5 ҳазор нафар (1985), асосан тоҷикон, инчунин ӯзбекҳо, русҳо ва ғайра. Район ба 6 Совети қишлоқ (ба номи Бобоюнус, Ватан, Балҷувон, Танобчӣ, Кӯшқия, Кангурт) ва Совети посёлка тақсим шудааст. Маркази район — птш Совет. Торриторияи район дар ҳавзаи болооби дарёҳои Сурхоб (Қизилсу) ва Обитоҳир (шохоби рости Сурхоб) воқеъ гашта, онро бештар кӯҳҳои начандон баланд (қаторкӯҳи Вахш то 2500 м ва кӯҳи Ҷилонтов то 1769 м), инчунин адиру теппаҳо фаро гирифтаанд. Водии дарёҳои Обитоҳир ва Сурхоб ҷои аз ҳама паст ва нисбатан ҳамворӣ район буда, ба самти Ҷануб то 800—600 м паст шуда меравад. Аз сарватҳои зеризаминӣ намак, гач ва оҳаксанг мавҷуданд. Иқлими район континентӣ; тобистонаш гарм, зимистонаш мулоим аст. Ҳарорати миёнаи июл 25—300 С, январ аз 0 то 50 С. Боришоти солона 500—000 мм, дар кӯҳҳо то 1200 мм. Дарёҳои калонаш: Сурхоб ва шохоби рости он Обитоҳир. Дар канори шимоли район обанбори Норак воқеъ гаштааст. Хоки заминҳои водӣ хокистарранги тира, хоки кӯҳҳо дорчинранги карбонатдор ва дорчинранги муқаррарӣ. Дар Совет асосан растаниҳои хоси даштҳои кӯҳӣ мерӯянд. Набототи кӯҳу дараҳо «алафҳои гуногун, дарахтони себ, мурӯри хирсак, олуча, бодоми талхак, дӯлона, писта, инчунин аз дарахтони чипор, шумтол, бод, буттаҳои зирк, настаран, ангат ва ғайра иборат аст. Кӯҳҳои сералафи ин ҷо чарогоҳи хуби тобистонианд. Дар баландии то 1400 м киштзорҳо воқеъ гиштаанд. Олами ҳайвоноти район гуногун аст. Дар кӯҳҳо муфлон, морхӯр, нахчир, хирс, гург, шағол, гурба, қашқалдоқ, сутур, заргӯш, ҷайра, муш, калламуш, юрмон, мор, калтакалос, уқоб, боша, чуғз, кабк, кабӯтар ва ғайра зиндагӣ мекунанд.
Совет райони ғаллакору чорводор аст. Пахтакорӣ, боғдорӣ, ва картошкаю сабзавоткорӣ низ вуҷуд дорад. Район соли 1985 7 совхоз ва 1 хоҷагии асалпарварӣ дошт.
Соли хониши 1984/85 дар район 16 мактаби миёна, 12 мактаби 8-сола, 8 мактаби ибтидоӣ, 1 хонаи бачагон, 1 интернати наздимактабӣ ва 1 мактаби мусиқӣ мавҷуд буд. Район дорои 21 Китобхона, 9 клуб, хонаи «маданият, 16 дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ мебошад.
Дар 1 поликлиника, 1 касалхонаи марказӣ, 4 касалхонаи участкавӣ,
3 дорухона, 2 амбулатория ва 20 пункти тиббӣ 42 нафар духтурони маълумоти олидор ва 186 нафар коркунони тиббии дорои маълумоти миёнаи махсус кор мекарданд (1985).
Байни Совет— Кӯлоб ва Совет— Душанбе нақлиёти автомобилӣ ва авоӣ мавҷуд аст
С. Назарова.