СОРБОҒ, Ғориф, дарёест дар ноҳияи Ғарми Ресспубликаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон, калонтарин шоҳоби рости дарёи Сурхоб (ҳавзаи дарёи Вахш). Тӯлаш 81 км, масоҳати ҳавазаш 1780 км2. Сорбоғ аз ҳамроҳшавии дарёҳои Ғориф ва Дубурса, ки аз нишебиҳои ҷануби қаторкӯҳи Зарафшои ва нишебиҳои шимоли қаторкуҳи Ҳисор ибтидо мегиранд, ба вуҷуд меояд. Сарфи миёнаи солонаи об дар резишгоҳ 68,5 м3/сон. Дарё гулмоҳӣ ва ширмоҳӣ дорад. Ю.С. Усков.
Tags Дарё
Инчунин кобед
Деҳаи САҒИРДАШТ
САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …