Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛОВЁВ Владимир Сергеевич

СОЛОВЁВ Владимир Сергеевич

solovyov-vladimir

СОЛОВЁВ Владимир Сергеевич (28. 1. 1853, Москва—13.8.1900, деҳаи Узкое, ҳозир дар канори шаҳри Москва), файласуфи идеалист, фақеҳ, публицист ва шоири рус. Университети Москваро (1873) хатм намудааст. Ба ташаккули ҷаҳонбинии Соловёв таълимоти масеҳият, инчунин ғояҳои буддоия, навафлотуния ва дигар системаҳои динию фалсафӣ таъсири калон расонидазнд. Бисёр нуктаҳоро аз фалсафаи немис (Кант, Шеллинг, Гегел, Шопенгауэр ва ғайра) гирифтазст. Ғояи «ҳастии ягона» нуктаи асосии таълимоти Соловёв мебошад. «Ҳастии ягона» қувваи илоҳӣ дониста шуда, олами воқеӣ тасдиқу таҷассумкунандаи он мебошад. Соловёв ғояҳои хаёлии теократияи умумиҷаҳониро тарғиб карда, эсхатологияро тарафдорӣ намуд. У ба идеализм ва символизми рус таъсири калон расондааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …