СОЛОВЁВ-СЕДОЙ (фамилия Соловёв) Василий Павлович (25. 4. 1907, Летербург —4. 12. 1979, Москва). Бастакор ва ходими ҷамъиятии советӣ, Артисти Халқии СССР (1967), Қаҳрамони Меҳнати Социалистӣ (1975). Соловёв 1936 Консерваторияи Ленинградро (синфи композиция дар назди П. Б. Рязанов) хатм намудааст. Яке аз устодони барҷастаи суруди советист. Соловёв — Седой мусаннифи балетҳои «Тарас Булба» (1940, таҳрири 2-юм—1955), «Россия» ба бандар омад» (1964), опереттаҳои «Дӯсти содиқ» (1945), «Аз ҳама муқаддас» (1962), «Ситораҳои олимпӣ» (1962), «Ҳаждаҳ сол» (1967), «Дар бандари азиз» (1970); силсилаи сурудҳои вокалӣ, мусиқӣ барои кинофилму спектаклҳо. Солҳои 1948—64 раиси Правленияи шӯъбаи ленинградии Иттифоқи Бастакорони СССР. Солҳои 1957—74 котиби Иттифоқи Бастакорони СССР, аз соли 1960-котиби Иттифоқи Бастакорони РСФСР. Депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 3—5). Лауреати Мукофоти ленинӣ (1959) ва Мукофоти давлатин СССР (1943, 1947). Бо 3 ордени Лонин, ордени Байрақи Сурхи Меҳнат ва медалҳо мукофотонида шудааст.
Tags Бастакор Шахсони машҳур
Инчунин кобед
САФОЛ
САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …