Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛИ БЮҶЕТӢ

СОЛИ БЮҶЕТӢ

СОЛИ БЮҶЕТӢ, мӯҳлати солонаи тартиб додан, тасдиқ намудан ва иҷрои бюҷете, ки ба таври қонунӣ муқаррар шудааст. Дар ҳар мамлакат Соли бюҷетӣ дар давраҳои гуногуни сол шурӯъ шуда, дувоздаҳ моҳро дар бар мегирад. Дар СССР дар солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ бюҷетҳои нимсола тасдиқ шуда буданд. Аз соли 1920 бюҷет ба мӯҳлати як сол (аз 1 январ то 31 декабр) муқаррар шуд. Дар шароити вобаста будани бюҷет аз натиҷаҳои ҳосили солонаи хоҷагии қишлоқ ва паст будани дараҷаи баплангирии хоҷагии халқ Соли бюҷетӣ ба охири сол аз 1 октябр то 31 сентябр оварда шуда буд. Муваффақиятҳои индустриализацияи мамлакат, коллективизацияи хоҷагии қишлоқ ва инкишофи плании хоҷагии халқ имконият додазнд, ки аз соли 1931 Соли бюҷетӣ боз ба соли календарӣ оварда шавад.

Quartalszahlen

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …