Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛЕҲИ СЕТОРӢ

СОЛЕҲИ СЕТОРӢ

СОЛЕҲИ СЕТОРӢ (Мавлоно) — (соли таваллуд ва вафот номаълум), машшоқ, бастакор ва ҳофизи охири асри 16—аввали асри 17 тоҷик. Зодгоҳаш Бухоро. Санъати «мусиқиро аз падараш омӯхтазст. Сипас дар назди мусиқидони номӣ Ҳофиз Авази Навҷавони Бухороӣ санъати сарояндагию навозандагӣ, назарияи мусиқиро мукаммал омӯхта, дар навохтани созҳои сетор, қонун, танбӯр, рубоб ба дараҷаи устодӣ расидааст. Ӯ дар сурудани рубоӣ ва ғазал моҳир будааст. Солеҳов ба усули мақомҳои «Ироқ», «Ҳусайнӣ», «Ушшоқ», «Наво» асарҳои созию овозии зиёде мисли «Нақш», «Амал», «Савт», «Кор», «Саҷь», «Рехта», «Қавл», «Пешрав», эҷод кардааст. «Пешрави Сеторӣ», «Нақши Сеторӣ», «Қавли Сеторӣ», «Таронаи Сеторӣ» ва ғайра дар байни аҳли мусиқии замонаш шӯҳрати зиёд доштазнд.

А. Раҷабов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …