Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОЛДАТЕНКОВ Николай Иванович

СОЛДАТЕНКОВ Николай Иванович

СОЛДАТЕНКОВ Николай Иванович (12. 12. 1912, шаҳри Тейковои вилояти Иваново—28. 10. 1978, Душанбе), биолог, олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои биология (1969), профессор (1977). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Солдатенков 1936 Институти хоҷагии қишлоқи Ивановоро хатм кардааст. Солдатенковҳои 1936— 74 дар вазифаҳои гуногуя кор кардааст. Аз соли 1975 мудири кафедраи парваршпи ҳайвоноти хоҷагии қишлоқи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон.

Солдатенков оид ба масъалаҳои умумии чорводории Тоҷикистон, ба шароити маҳал мутобиқ гардонидани чорвои сершир беш аз 100 асару мақолаҳои илмӣ таълиф намудааст. Солдатенков раиси Совети республикавӣ ва узви Совети умумииттифоқии зотпарварӣ буд. Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, ордени «Нишони Фахрӣ», ордени Ситораи Сурх, 3 ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаҳои 1 ва 2) ва 11 медаль (2 медали биринҷии НКХХ) ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Республикаи Совети Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Асар:     Рекомендации по повышению продуктивности молочного крупного рогатого скота в условиях сухих субтропиков. Душанбе, 1969.       Н. Шарифов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …