Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СОФИСТОН

СОФИСТОН

sofistyСОФИСТОН (аз юнонӣ sophisten — бомаҳорат, хирадманд), дар Юнони Қадим пайравони ин ё он соҳа: 1) муаллимони касбии фалсафа ва суханвари нимаи 2-юми асри 5 ва нимаи 1-уми асри 4 то мелод. (Протагор, Горгия, Гиппий, Продик, Антифонт, Критий ва ғайра). Ба Софистон ҷустуҷӯи ҳақиқати кул оид ба кайҳон ва ҳасти, дар айни ҳол шавқу ҳавас ба таҳияи дастурҳои прагматикии рафтори одами «бидуни хурофот» дар ҷамъият (танқи- ди ахлоқи анъанавй, назарияи шаккоконаи маърифат, назарияи риторикӣ, мантиқӣ ва забоншиносии «нутқи боварибахш») хос аст. Софистонро Суқрот ва Афлотун танқид кардаанд. 2) Нотиқони касбии асрҳои 2—5 мелодӣ, ки намунаҳои классикии риторикаи Юнони Қадимро тарғиб мекарданд.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …