Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СОБӢ Абӯисҳоқ Иброҳим

СОБӢ Абӯисҳоқ Иброҳим

СОБӢ Абӯисҳоқ Иброҳим ибни Ҳилол ибни Иброҳими Ҳаронӣ (926—995), муаррихи форс-тоҷик. Собӣ дар шаҳри Шероз дар девони шоҳӣ оли Буя Муизауддавла мирзо шуда хизмат кардааст. Ӯ бо супориши шоҳ Озодуддавла (949—983) асари «Китоби тоҷӣ»-ро таълиф намудеаст, ки дар он доир ба таърихи давлати Буиён, юришҳои онҳо ба Ҳамадон, Рой, Форс, Хузистон ва Бағдод, ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ, инкншофи илму маданияти давлати Буиён ва ғайра маълумотҳои муфиде оварда шудааст. Байфазӣ дар асари худ «Таърихи Масъудӣ» маълумотҳои китоби Собиро васеъ истифода бурдааст.

                                                                                                  А.         Валиев.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …