Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СМИСЛОВ Василий Василович

СМИСЛОВ Василий Василович

smyslov

  СМИСЛОВ Василий Василович (24. 3. 1921, Москва), шоҳмотбози советӣ, гроссмейстери СССР (1941), Устоди хизматнишондодаи спорт (1948), гроссмейстери байналхалқӣ (1950). Чемпиони СССР (1949) ва ҷаҳон (солҳои 1957—58). Соли 1948 дар мусобиқаи шоҳмотбозон барои гирифтани ҷои якум дар ҷаҳон иштирок кард ва ҷои дуюмро баъди Ботвинник гирифт. Дар ҳайати командаи яккачини СССР дар нӯҳ олимпиадаи шоҳмот (солҳои 1952—72) ва дар чемпионатҳои Европа (солҳои 1957—73) бозӣ кардааст. Бо ордени Ленин мукофотонида шудааст.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …