СЛОВЕНҲО (хорутанҳо, карантанҳо, виндҳо, дар адабиёти асри 19-и рус словинҳо), миллатест дар Югославия. Шумораашон 2110 ҳазор нафар (1978), аз он ҷумла, дар Республикаи Сотсиалистии Словения бештар аз 1,7 мли нафар. Тақрибан 400 ҳазор нафар Словенҳо берун аз Югославия, асосан дар ШМА, ноҳияҳои бо Югославия ҳамсарҳади Италия. Австрия ва Венгрия зиндагӣ мекунанд. Забонашон словенӣ. Аксари диндорон католиканд, протестантҳою православҳо низ ҳастанд. Аҷдоди Словенҳои ҳозира асрҳои 6—7 дар ноҳияҳои калон — ҳавзаи Дунаи Миёна, пастии Паннония, Алпи Шарқӣ (Карантания), Примория (то соҳилҳои баҳри Адриатика) маскун буданд. Аз сеяки охири асри 13 қисми зиёди мулкҳои Слвенҳо ба габсбургҳои Австрия тобеъ гашт. Соли 1918 оммаи асосии Словенҳо баробари дигар халқҳои Югославия ба ҳайати давлати ягона (аз 1929 Югославия ном гирифт) дохил шуданд, вале қариб 500 ҳазор Словенҳои Юлии Ақсо зердасти Италия, 100 ҳазор Словенҳои Карантия ва Штирия дар тасарруфи Австрия монданд. Баъди Чанги дуюми ҷаҳонӣ қисми зиёди Юлии Ақсо, ки дар он Словенҳо маскун буданд, ба ҳайати Югославия дохил шуд. Дар натиҷаи асрҳои зиёд давлати ягона надоштан, пароканда будани Словенҳо як қатор гурӯҳҳои этнографии Словенҳо (краинҳо, белокраинҳо, прекмурҳо, штирийҳо, резянҳо ва ғайра) ба вуҷуд омаданд. Словенҳои Приморияи Словения, Истрия ва ба ном Словенияи Венесия бо таъсири италиягиҳо дузабона шудаанд. Ба Словенҳои Каринтия таъсири Австрия зиёд аст. Баъди дар Югославия барқарор гардидани сохти давлатии демократияи халқӣ Словенҳо имконият пайдо карданд, ки иқтисодиёти сотсиалистӣ ва маданияти миллии худро инкишоф диҳанд.