Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СЛЕЙТОН Доналд

СЛЕЙТОН Доналд

slayton

СЛЕЙТОН  Доналд (таваллудаш 1. 3. 1924, Спарта, штати Вискоисий), кайҳоннаварди америкоӣ, майори мустаъфии ҚҲД и ШМА. Дар ҚҲҲ аз соли  1942. Иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ. Баъди хатми Университети Миннесот (1949) ба унвони бакалаври илмҳои табиатшиносӣ соҳиб шуд ва дар компанияи авиатсионии «Боинг» (дар Сиэтл, штати Вашингтон) кор кард. Соли 1951 боз ба сафи ҚҲҲ даъват шуд. Соли 1956, баъди хатми мактаби ҳавопаймоёни санҷишгар дар базаи ҳарбии ҳавоии Эдуарде (штати Калифорния) ба хизмат шурӯъ намуд. Апрели 1959 Слейтонро ба гурӯҳи астронавтҳои Управленияи миллии ШМА оид ба аэронавтика ва тадкиқи фазои кайҳон (НАСА) қабул намуданд. 15—25 июли 1975 якҷоя бо Т. Стаффорд ва В. Бранд дар парвози системаи кайҳонии «Союз — Аполлон» иштирок намуд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …