Маълумоти охирин
Главная / Илм / СКИПИДАР

СКИПИДАР

skipidar

СКИПИДАР, равғани терпентин, як моеъи беранги шаффофро гӯянд, ки бӯи тез дорад; t ҷӯшишаш 153 —180°С, зичиаш 855—863 кг/м3; дар об ҳал намешавад, дар ҳалкунандаҳои органикӣ ҳал ва дар ҳаво зуд оксид мешавад. Бештар Скипидарро аз самғ (Скипидари самғӣ) бо роҳи буғронӣ ба воситаи буғи об ҳосил мекунанд. Скипидар омехтаи бисёртаркибаи карбогидридҳои терпенӣ буда, таркиби он ба ашёе, ки Скипидар аз он ҳосил мешавад, вобаста аст. Скипадрҳое, ки аз самғи санавбар  мегиранд, то 78% пиненҳо, 10—18% 3-карен, 4—6% дипентен ва лимонен ва дигар моддаҳо дорад. Скипидар дар саноат чун ҳалкунандаи маҳсулоти локу рангубор, ашё барои истеҳсоли камфора, терпентингидрат, равғанҳои флотасионӣ ва молиданӣ, инсектисидҳо ва моддаҳои муассир, дар тиб чун доруи ангезанда рафъи дард ва антисептикии ҷузъӣ истифода мешавад. Онро инчунин ҳангоми ба пепралгия, миозит ва бемориҳои дигар гирифтор шудан чун марҳам ба бадан мемоланд. Ба ғайр аз Скипидари самгӣ дигар намудҳои Скипидар низ маълуманд, масалан, Скипидари экстраксионӣ ё зифтӣ ва Скипидаре, ки бо роҳи буғронии хушк ҳосил мекунанд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …