Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИСТЕМАИ ВОҲИДҲО

СИСТЕМАИ ВОҲИДҲО

СИСТЕМАИ ВОҲИДҲО, маҷмӯи воҳидҳои асосӣ (мустақил) ва ҳосилавии бузургиҳои физикиеро гӯянд, ки алоқамандии дар табиат вуҷуддоштаи ин бузургиҳоро инъикос мекунад. Ҳангоми муайян кардани воҳидҳои система чунин пайдарпаии таносубҳои физикиро интихоб мекунанд, ки дар он ҳар як ифодаи баъдина танҳо як бӯзургии нави физикӣ дорад. Ин имкон медиҳад, ки воҳиди бузургии физикӣ тавассути маҷмӯи воҳидҳои аз ин пеш муайяншуда ва дар ниҳояти кор тавассути воҳидҳои асосӣ муайян карда шаванд. Дар СССР аз соли 1961 сар карда истифодаи Системаи воҳидҳои байналхалқӣ афзалтар дониста шудааст.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …