Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИРРИ ДАВЛАТ

СИРРИ ДАВЛАТ

 СИРРИ ДАВЛАТ, маълумоти дорои характери ҳарбӣ, иқтисод ва сиёсие, ки аҳамияти муҳими давлатӣ дошта, аз тарафи давлат махсус ҳифз карда мешавад. Дар СССР номгӯи маълумотҳои ба Сирри давлат дахл дошта аз тарафи Совети Вазирони СССР вобаста ба манфиатҳои муҳофизати иқтидори иқтисодӣ, қобилияти мудофиавӣ ва бехатарии берулии СССР муқаррар карда мешавад. Риояи Сирри Давлат вазифаи ҳар як гражданини советӣ мебошад, ки ин хабарҳо ба вай маълум аст. Бо мақсади ба муқобили фошкунии Сирри давлат мубориза бурдан тартиби муайяни мураттабсозӣ, нигаҳдорӣ ва истифодабарии ҳуҷҷатҳо ва предметҳое, ки Сирри давлатро ташкил медиҳад, муқаррар карда шудааст. Агар тартиби муқарраркардашуда вайрон карда шаваду он ба фошкунии Сирри давлат, ба гум шудани ҳуҷҷатҳои дахлдор оварда расонад, шахси айбдор мувофиқи Қонун оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷинояти давлатӣ (соли 1958, моддаи 12 ва 13) ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад. Дар сурати фош кардани Сирри давлат аз тарафи шахсе, ки ба вай Сирри давлат бовар карда шудааст ва ё аз рӯи хизмат ё кораш маълум аст, дар вақти набудани аломати ҷинояти хиёнат ба Ватан ва ҷосусӣ ӯ ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол ва агар ин кирдор ба оқибати вазнин оварда расонад, аз 5 то 8-сол аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Барои гум кардани ҳуҷҷатҳои дорои Сирри давлат чораҳои вазнини ҷазо пешбинӣ шудааст. Як қисми Сирри давлатро сирри ҳарбӣ ташкил медиҳад, ки нигоҳ доштани он иқтидор ва тайёрии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро таъмин мекунад. Агар хизматчиёни ҳарбӣ маълумотҳои дорои характери ҳарбие, ки Сирри давлатро ташкил медиҳад, фош кунанд, мувофиқи Қонун оид ба ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ҷиноятҳои ҳарбӣ (соли 1958) ба мӯҳлати аз 2 то 5 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд. Дар сурати гум кардани чунин ҳуҷҷатҳо ва предметҳо (ба шарте, ки ҳуҷҷату предметҳо дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои муайяншуда гум шуда бошад) аз 1 то 3 сол аз озодӣ маҳрум ва ҳангоми ба оқибати вазнин оварда расондан ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол аз озодӣ маҳрум карда мешаванд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …