Маълумоти охирин

СИРҚАТ

СИРҚАТ, плагиат, вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ё ихтироъкориро гӯянд. Ғайриқонунӣ аз они худ кардани асарҳо (илмӣ, адабӣ, мусиқӣ) ё ихтироот ва ё таклифи ратсионализатории каси дигарро номанд.

Мувофиқи ҳуқуқи советӣ айбдор барои Сирқат бо тартиби гражданӣ ё ҷиноятӣ вобаста аз дараҷаи хатарноки ҷамъиятиаш ба ҷавобгарӣ кашида мешавад. Мувофиқи қонунтузории гражданӣ (масалан, моддаи 496, 497 кодекси граждании РСС Тоҷикистон) муаллиф (баъди вафоти вай — ворисон ва шахсони дигари дар қонун зикршуда) ҳақ дорад барқарор намудани ҳуқуқи вайроншуда (масалан, ба воситаи матбуот), манъ кардани чоп ва интишори асар ва дар ҳолати зарар расонидан додани товони зарарро талаб кунад. Дар қонунгузории ҷиноятӣ (масалан, модддаи 150 кодекси ҷиноятии РСС Тоҷикистон) барои Сирқат бо корҳон ислоҳкунӣ ба муддати то ду сол ё бо пгграф ба маблағи то 300 сӯм ҷазо дода мешавад.

Инчунин кобед

book-1

САФИНА

САФИНА (арабӣ — киштӣ), 1) воситаи нақлиёти обӣ. Ба ин маънӣ Манучеҳрии Домғонӣ-мегӯяд: Аспи ман …