Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СИРДАРЁ

Вилояти СИРДАРЁ

СИРДАРЁ, вилоятест дар ҳайати Республикаи Советӣ Сотсиалистти Ӯзбекистон (аз 16 феврали 1963). Масоҳаташ 5,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 506 ҳазор нафар (1984), аҳолии шаҳрӣ 30%, 9 район, 5 шаҳр дорад. Марказаш шаҳри Гулистон. Вилоят дар дашти Мирзочӯл воқеъ гаштааст. Набототаш асосан биёбонӣ ва нимбиёбонист. Ҳарорати миëнаи январ аз —0,3 то —20С, июл 220 С Боришоти солона 120—170 мм. Дарёи асосӣ — Сир; барои обëрии заминҳо каналҳои ба номи С. М. Киров ва Мирзочӯли Ҷанубӣ сохта шудаанд. Сирдарë ноҳияи калони пахтакорист. Зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворимакка, шолӣ), инчунин юнучқа, сабзавот, зироати полизӣ мекоранд. Асосан гӯсфанд мепарваранд. Саноати пахтатоздкунӣ тараққӣ кардааст; корхонаҳои саноати коркарди металл, масолеҳи бинокорӣ, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ низ мавҷуданд. Вилоят бо ордени Ленин мукофотонида шудааст (1967).

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …