СИНОНИМИЯ (аз юнонӣ sinonymia— якномӣ, ҳамномӣ), таносуби байни калима ё муқаддимаҳое, ки дорои як қимат (денотат) буда, аз рӯи маъно комилан якхела нестанд. Синонимия ба ду маъно истифода мешавад: а) ҳаҷм (экстенсионал), масалан, «С. Айнӣ» — «муаллифи романи «Ғуломон»; б) мазмун (интенсионал), масалан, «давлат» — «мамлакат», «А В» — «А В» (дар муқаддимаҳо). Синонимия яке аз мафҳумҳои муҳимтарини забоншиносии математикӣ, мантиқ ва семантикаи мантиқи муосир буда, дар онҳо баъзе мафҳумҳои асосӣ аз қабили «гуфторҳои синонимӣ», «шаклдигаркуниҳои синонимӣ» (муносибати баробарҳуқуқӣ дар маҷмӯи муқаддимаҳо) ва ғайра бе ёрии Синонимия фаҳмида намешавад.
Дар забони рамзии мантиқи математикт, ки барои ибораҳои он ақаллан як муносибати комилҳуқуқи ё мусовӣ муайян шудааст, вуҷуд доштани Синонимия ногузир мебошад.
Дар натиҷаи нодуруст истифода кардани Синонимия ба хатоҳои мантиқӣ роҳ додан мумкин аст.
Н. Сайфуллоев.