Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / СИННИ НАВРАСӢ

СИННИ НАВРАСӢ

СИННИ НАВРАСӢ (10—11—14— 15-солагӣ), синни миёнаи мактабиро гӯянд. Дар Синни наврасӣ қувваҳои ҷисмонию рӯҳонӣ босуръат инкишоф меёбанд. Синни наврасӣ давраи афзоиши пурҷӯшу хурӯши организм мебошад. Ҷиҳати аз ҳама муҳими инкишофи бача дар Синни наврасӣ балоғат аст, ки он ба фаъолияти узвҳои дохилӣ, кори майна, дил, рӯҳияю шахсияти бача таъсири муайян мегузорад; дар наврасон нисбат ба зан, китобу филмҳои ба синнашон номувофиқ ва ғайра майлу рағбат пайдо мешавад.

Дигар хусусияти муҳимми Синни наврасӣ аз бачагӣ ба калонсолӣ гузаштан мебошад; наврасон худро калонсол вонамуд карда, ба мустақилӣ ва рафторӣ калонсолона мекушанд. Инро ба эътибор нагирифтан мумкин нест. Набудани намунаи хуби ибрат барои бача, маҳдудсозии мустақилияти ӯ, бе назорат гузоштани бача боиси он мегардад, ки ӯ рафтору хислатҳои манфӣ (якравӣ, беинтизомӣ, хунукназарӣ ба хондан) ва одатҳои бад (носу тамокукашӣ) пайдо мекунад.

Дар Синни наврасӣ доираи фаъолият (меҳнат, спорт, бозӣ, фаъолияти ҷамъиятӣ) васеътар гардида, таълиму тарбия мавқеи муҳим ишғол мекунад.

Синни наврасӣ дар ташаккули шахсият давраи муҳим ба шумор меравад. Махсусан худшиносию худбаҳодиҳӣ шакл гирифта, ба худомӯзию худтарбия эҳтиёҷ пайдо мешавад.

С. Н. Алиев.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …