Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИНКОВСКИЙ Леонид Павлович

СИНКОВСКИЙ Леонид Павлович

СИНКОВСКИЙ  Леонид Павлович (28. 08. 1909, шаҳри Таганроги вилояти Ростов), олими соҳаи чорводорӣ, доктори илмҳои хоҷагии қишлоқ (1962), профессор (1976). Аъзои КПСС аз соли 1940. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ(1942—1945).

Институти чорводорӣ ва хӯрокии Таганрогро хатм кардааст (1932). Солҳои 1942 муаллим ва директори мактаби зоотехникии Карачаевск, 1946—1948 аспиранти Институти пусту мӯинаи Москва, 1949—1964 ходими калони илмӣ ва мудири шӯъбаи чарогоҳии Институти тадқиқоти илмии чорводории Вазорати Хоҷагии Қишлоқи Тоҷикистон, 1965—1969 мудири шуъбаи захираи растаниҳои Институти ботаникаи Академияи Фанҳои Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, 1970—1978 роҳбари гурӯҳ ва мудири лабораторияи омӯзишу истифодаи чарогоҳ ва алафзорҳои табиии Институти умумииттифоқии тадқиқоти илмии хӯроки чорво ба номи В. Р. Вилямс буд. Оид ба тадқиқи наботот, роҳҳои сермаҳсулгардонӣ ва истифодаи оқилонаи чарогоҳу алафзорҳои Осиёи Миёна, инчунин Тоҷикистон зиëда аз 180 асару мақолаҳои илмӣ навиштааст. Бо ордени «Нишони Фахрӣ», 2 ордени Ситораи Сурх, ордени Ҷанги ватанӣ (дараҷаи 2), медалҳо ва Грамотаи Президиуми Совети Олии Республикаи Советӣ Сотсиалистии Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

  Асарҳо: Полыни из подрода Серифидиум как кормовые растение и опыт введения их в культуру Средней Азии, Сталинабад, 1960; Основные ядовитые и вредные растения таджикистана, Душанбе, 1968.

                                                                        А. Мадаминов.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …