Маълумоти охирин
Главная / Илм / СИНЕКЛИЗА

СИНЕКЛИЗА

СИНЕКЛИЗА (аз юнонӣ syn— якҷоя ва еnklesis нишеб шудан), фурӯхамидаи доирашакл ва фарохи қишри Замин дар ҳудуди платформа (масалан, Синеклизаи Москва дар платформаи Европаи Шарқӣ, Синеклизаҳои Тунгус ва Вилюй дар платформаи Сибир). Бараш садҳо км; масоҳаташ беш аз 60—100 ҳазор км2. Дар Синеклизаҳо одатан ҷинсҳои таҳшинӣ ва таҳшинию вулқоногенӣ қабат-қабат хобидаанд, ки ғафсии умумии онҳо то ба 3—5 км, баъзан то ба 8— 10 км мерасад. Аксари Синеклизаҳо захираи калони ангишт, нефт, газ, намак доранд.

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …