Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИНДИКАТ

СИНДИКАТ

СИНДИКАТ (лотинӣ syndicatus, аз sandico — дида мебароям, тафтиш мекунам), 1) яке аз шаклҳои шартномаи монополистии навъи картелверо гӯянд, ки мақсади он бартараф намудани рақобати байни монополияҳо дар соҳаи хариду фурӯши ашёи хом бо роҳи барқарор кардани назорат аз болои бозор, хусусан маҳсулоти якхелаи оммавӣ барои гирифтани фоидаи барзиёд (нигаред Картел) аст. Алҳол Синдикат чандон маъмул нест.

  2) Дар СССР дар давраи сиёсати нави иқтисодӣ навъи ташкилоти хоҷагие буд, ки гурӯҳи треотҳои саноатиро барои фурӯши яклухти маҳсулоти онҳо, хариди ашёи хом, бапландарории муомилоти савдо муттаҳид мекард. Аввалин Синдикати советӣ (Синдекати умумииттифоқии бофандагӣ) соли 1922 таъсис ёфтааст. Солҳои 1922— 1928 ҳамагӣ 23 Синдекат буданд. Синдекатҳо солҳои 1929—1930 барҳам хурданд.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …