Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / СИМОНОВ Константин (Кирилл) Михайлович

СИМОНОВ Константин (Кирилл) Михайлович

СИМОНОВ Константин (Кирилл) Михайлович (28. 11. 1915, Петроград — 28. 8. 1979, Москва), нависандаи советии рус, ходими ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1974). Аъзои КПСС аз соли 1942. Институти адабиёти ба номи М. Горкийро хатм кардааст (1938). Асарҳояш аз соли 1934 нашр мешаванд. Солҳои 30—40 шеъру манзумаҳо, инчунин песаҳо «Таърихи як муҳаббат» (1940), «Ҷавоне аз шаҳри мо» (1941; Мукофоти давлатии СССР, 1942) навиштааст. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) мухбири газетаи «Красная звезда». Дар солҳои аввали ҷанг шеърҳои лирикии Симонов «Интизорам бош», «Ёд дорӣ, Алёша…» ва якчанд шеъри дигар аз маҷмӯҳои «Бо ту ва бе ту» (1942), «Шеърҳои фронтӣ» (1942), «Ҷанг» (1944) ва ғайра маъмулу машҳур гардида буданд. Шеърҳои А. Деҳотӣ «Интизор бош», «Дар интизорам», М. Миршакар «Макун фаромӯшам», «Фаромӯшат нахоҳам кард» дар пайравии ин шеърҳои Симонов авишта шудаанд. Дар асарҳои давраи ҷанши Симонов «Мардуми рус» (1942; Мукофоти давлатии СССР, 1943), «Ҳамин тавр мешавад» (1944), повести «Рӯзҳо ва шабҳо» (1943—44; Мукофоти давлатии СССР, 1946; филми ҳамном, 1945), «Қайдҳои мухбири ҳарбӣ» (1942—45), ки аксар ҳуҷҷатиянд, муборизаи халқи советӣ ба муқобили фашистон тасвир шудааст. Зиддияти оштинопазир ва муборизаи ғоявии ҷаҳони сотсиалистӣ ва капиталистӣ дар песаҳои «Масъалаи русҳо» (1946; Мукофоти давлатии СССР, 1947; тарҷумаи тоҷикӣ 1947) ва «Сояи бегона», (1949; Мукофоти давлатии СССР, 1950) ба миён гузошта шуда, дар китоби шеърҳои «Дӯстон ва душманон» (1948; Мукофоти давлатии СССР, 1949) давоми мантиқии худро ёфтааст. Аз солҳои 50 дар эҷодиёии Симонов давраи нави инъикоси мавзӯи ҷанг оғоз ёфт. Кӯшиши аввалин дар ин роҳ «Рафиқони ҳамяроқ» (1952, таҳрири наваш 1971) мебошад. Симонов дар трилогияи «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (Мукофоти ленинӣ, 1974), ки романҳои «Зиндаҳо ва мурдаҳо» (1954—1959; тарҷумаи тоҷикӣ 1978; филми ҳамном, 1964), «Одам аскар таваллуд намешавад» (1963—1964; филми «Ҷазо», 1969), «Тобистони охирин»- ро (1970—1971) дар бар мегирад, устоди ромманнавис будани худро собит кард. Асарҳои Симонов ба бисёр забонҳои халқҳои СССР ва хориҷа тарҷума шудаанд. Симонов аъзои президиуми Комитети советии муҳофизати сулҳ (аз соли 1949), ҷонишини Котиби генералии Правленияи Институти Нависандагони СССР (1946— 1954), котиби Правленияи Институти Нависандагони СССР (1954—1959 ва аз соли 1967), сармуҳаррири журнали «Новый мир» (1946—1950, 1954 —1958), «Литературная газета» (1938, 1950—1954), номзад ба аъзоии Комитети Марказии КПСС (1952—1956), аъзои Комиссияи марказии ревизионии КПСС (1956—61 ва аз соли 1976), депутати Совети Олии СССР (даъватҳои 2—3) буд. Бо се ордени Ленин, 5 ордени дигар ва медалҳо мукофотонида шудааст.

 

Адабиëтҳо: Финк Л, Константин Симонов. Творческий путь, Москва, 1979.

Инчунин кобед

safol

САФОЛ

САФОЛ, маснуот ва ашёест, ки дар натиҷаи ба ҳам омехтани гилмоя, хамираи минералҳо, оксидҳо ва …