СИЛИКАТҲОИ ТАБИӢ (аз лотинӣ silex— чақмоқсанг), пайвастҳои химиявии намакмонанд, ки аз аниони комплексии силсию оксигендори гуногунхел таркиб ёфтаанд. Зиёда аз 75% (якҷоя бо кварс қариб 87%)-и таркиби қишри Замин ва беш аз 95%-и таркиби ҷинсҳои фишонда аз Силикатҳои табиӣ иборатанд. Қариб 500 намуди минералҳо ба синфи Силикатҳои табиӣ мансубанд. Қисми зиёди Силикатҳои табиӣ аҳамияти саноатӣ доранд. Маъданҳои силикати никел, берий, литий ва элементҳои пошхӯрда муҳимтарин ашёи хоми минералӣ ба шумор мераванд. Аз нефелин алюминий, ишқор, сода мегиранд. Аксари сарватҳои зеризаминии ғайри маъданро Силикатҳои табиӣ ташкил медиҳанд (масалан, шпатҳои даштӣ, минералҳои гурӯҳи абрақ, асбест, талқ, сеолитҳо, беҷодаҳо, гилҳои бентонитӣ ва оташтобовар). Як қатор Силикатҳо табиӣ (зумуррад, аквамарин, топаз, забарҷад, турмалин ва ғайра)-ро ба сифати сангҳои қиматбаҳо ва резакорӣ истифода мебаранд. Силикатҳои сунъӣ, махсусан шиша, семент, сафолот ва миноро дар хоҷагии халқ фаровон истифода мебаранд.
Tags Химия
Инчунин кобед
САХАРИМЕТРИЯ
САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …