Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / Вилояти СИСТОН

Вилояти СИСТОН

Вайронаҳои қалъаи Нусрутобод, Сиистон
Вайронаҳои қалъаи Нусрутобод, Сиистон

СИСТОН вилояти таърихие дар ҳудуди Эрон ва Афғонистон (дар замони қадим Дрангиана низ меномиданд). Номи Систон аз номи қабилаи сакоиҳо бармеояд. Қабилаҳои ҳиндуевропоии сакоиҳо тақрибан дар миëнаҳои асри 2 то милод аз Шимол омада, дар ин ҷо маскан гирифтанд ва ба сукунатгоҳи худ Сакистон (мамлакати сакоиҳо) ном доданд (дертар Сиистон,Систон номида шудааст)Аэбаски Систон мавқеи хуби географӣ дошту Эрон, Хуросон ва Мовароуннаҳрро бо Ҳиндустон мепайваст, дар тули асрҳо диққати давлатҳои ҳамсояро ҳамеша ба худ ҷалб менамуд. Систон дар давраҳои гуногун дар ҳайати давлатҳои Ҳахоманишиён, Юнону Бохтар, Порт, Сосониён, Саффориён ва Хилофати араб буд. Дар замони Саффориëн ҳудуди сиёсии Систон аз Кобул (дар Шаоқ) сар шуда, то Ироқ (дар Ғарб) мерасид. Аз тохтутози муғулҳо (солҳои 1222, 1229) ва юришҳои ғоратгаронаи Темур Систон рӯ ба таназзул ни-ҳод, шаҳру деҳоти ободаш харобазор шуданд, ноҳияҳои ҷанубиаш беодам монда, ба биёбон табдил ёфтанд. Соли 1872 территорияи Систон байни Эрону Афғонистон тақсим шуд: як қисми он (2847 мили мураббаъ) бо марказаш шаҳри Зобул ба Эрон, қисми дигараш (4159 мили мураббаъ) ба Афғонистон гузашт.

                                                                                                  Қ. Бобоев.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …