Маълумоти охирин
Главная / Ҷуғрофия / СИБИРИ ШАРҚӢ

СИБИРИ ШАРҚӢ

СИБИРИ ШАРҚӢ, сарзаминест, ки аз дарëи Енисей (дар Ғарб) то бахшгоҳи қаторкӯҳҳои соҳили уқëнуси Ором (дар Шарқ) ва аз баҳрҳои уқëнуси Яхбастаи Шимолӣ то сарҳадҳои ҷанубии СССР тӯл кашидааст. Масоҳаташ 7,2 млн км2. Релефи Сибири Шарқӣ асосан аз паҳнкӯҳу қаторкӯҳҳо, ннчунин пастиҳо (дар Шимол) иборат аст. Қисми зиёди территорияи Сибири Шарқиро зонаи беша (тайга) ва шимолтари онро бештар зонаҳои тундра ва бешатундра ишғол кардаанд. Дар ҷануб ҷо-ҷо зонаи дашт вомехӯрад. Дар ҳудуди Сибири Шарқӣ Республикаи Автономии Советии Сотсиалистит Ёқутистон, Республикаи Автономии Сотсиалистии Советии Бурятистон ва Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Тува, кишвари Красноярск, вилоятҳои Иркутск ва Читаи Республикаи Советии Федеративии Сотсиалистии Россия воқеъ гаштаанд.

Инчунин кобед

Деҳаи САҒИРДАШТ

САҒИРДАШТ, деҳаест дар райони Қалъаихуми Вилояти Автономии Бадахшони Кӯҳӣ, маркази Совети қишлоқи Сағирдашт. Территорияи совхози …