Маълумоти охирин
Главная / Илм / ШӮРЗАМИН

ШӮРЗАМИН

ШӮРЗАМИН, шуразамин, заминест, ки дар натиҷаи шурзании хоки дашт, биёбон, нимбиёбон ва ғ. (ҳангоми аз сатҳи. замин буғ шудани обҳои зеризаминӣ намакҳо ба қабатҳои болоии хок мебароянд) пайдо шудааст (ниг. Шӯрхок). Ш. аз қабатҳои намак (норм, софолак ва ғ.), гумус (хеле нам), ҷинси намакдор ё қабати обнигаҳдор иборат аст. Ш. ба миқдори зиёд (аз 1—3% то 10—15%) намакҳои зудҳалшаванда дорад. Дар СССР Ш. асосан дар ҳамвориҳои Наздикаспий, Қрими Шимолӣ, Қазоқистон, Осиёи Миёна мавҷуданд. Намаки Ш.-ро бо роҳи шуршуӣ ва паст нишондани обҳои зеризаминӣ (тавассути заҳбур) бартараф мекунанд. Дар он зироати гуногуни ба ҳамон маҳал мутобиқро мекоранд.

shurzamin

Инчунин кобед

САХАРИМЕТРИЯ

САХАРИМЕТРИЯ (аз русӣ сахар —қанд ва …метрия), усулест, ки ба воситаи он ғилзати маҳлули моддаҳои …