Маълумоти охирин
Главная / Ҷамъият / ШӮРОИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН

ШӮРОИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН

shuroi-olii-ssr-tojikiston

СОВЕТИ ОЛИИ РСС ТОҶИКИСТОН, органи олии ҳокимияти давлатии РСС Тоҷикистон Органи ягонаи қонунгузорӣ буда, ҳуқуқ дорад ҳамаи масъалаҳоеро, ки Конститутсияи СССР ва Конститутсияи РСС Тоҷикистон ба ихтибри РСС Тоҷикистон вогузор кардаанд, ҳал намояд. Фақат Совет Конститутсияи РСС Тоҷикистонро қабул карда ба он тағйирот медарорад. Совет планҳои давлатии тараққиёти иқтнсодию иҷтимоӣ, бюҷети давлатии РСС Тоҷикистон ва ҳисоботи иҷрои онҳоро тасдиқ, оргапҳон ба вай ҳисоботдиҳандаро ташкил мекуиад. Қонунҳои РСС Тоҷикистон аз тарафи Совет бо роҳи овоздиҳии халқӣ (референдум), ки бо қарори Совет гузароиида мешавад, қабул мегарданд. Совет дар округҳои интихоботии шумораи аҳолиашоп баробар ва дар ҳайати 350 нафар депутат интихоб шуда, мувофиқи пешниҳоди Комиссияи мандатии интихобкардаи он дар бораи эътирофи ваколати депутатҳо ва дар мавриди вайрон кардани қонуни интихоботӣ доир ба беэътибории интихоби депутатҳо алоҳида қарор қабул мекунад. Сессияҳои Совет дар як сол ду маротиба даъват мешаванд. Сессияҳон ғайринавбатиро Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон бо ташаббуси худ ё бо таклифи камаш сеяки депутатҳои Совет даъват мекунад.

Инчунин кобед

САҒОНА

САҒОНА 1) қабре, ки аз хишти пухта 6 санг ба шакли гаҳвора сохта, дар он …